Аёдати шахси имконияташ маҳдуд дар остонаи Иди Қурбон Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон - яке аз ҷашнҳои пурфайзи динии мардуми мусулмон, таваҷҷуҳ ба ашхоси эҳтиёҷманд ва маъюб беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад.
Бо ҳамин ҳадаф, роҳбари ташкилоти маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сафархуҷа Ҳисайнов ба манзили Файзулло Қурбонов, сокини Ҷамоати шаҳраки Гулистон, ташриф оварда, ба ҳолпурсӣ ва расонидани кумакҳои ғизоӣ иқдом намуд. Файзулло Қурбонов, ки 63 сол дорад, беш аз 30 сол аст бо имконияти маҳдуд зиндагӣ мекунад. Аммо маҳдудияти ҷисмонӣ ҳаргиз ӯро аз зиндагии шоиста ва пуршараф бознадоштааст. Ӯ намунаи равшани шахси сабур ва заҳматкашест, ки бо руҳи баланд ва иродаи қавӣ ҳар рӯзро бо шукрона оғоз мекунад. Бо вуҷуди ин, номбурда дар замини наздиҳавлигиаш бо меҳнати ҳалол ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст.
Аз ҷумла помидор, бодиринг, булғорӣ, полезиҳо ва дигар сабзавотро парвариш намуда, барои таъмини рӯзгори хонаводааш истифода мебарад. Ҳамчунин, дар ҳавлӣ дарахтони мевадиҳанда парвариш ёфтаанд, ки рӯзгори ӯро боз ҳам сарсабзтар месозанд. Зиндагии шоистаро метавон ҳатто дар шароити мушкил низ идома дод, агар иродаи қавӣ ва меҳнати ҳалол ҳамсафари инсон бошад. Ин гуфтаҳо бар зиндагии Файзулло Қурбонов комилан рост меоянд - шахсе, ки бо хоксорӣ, сабру таҳаммул ва меҳнати пайваста ба як намунаи ибрат дар ҷомеа табдил ёфтааст.
Амаки Файзулло соҳиби 5 фарзанд ва 18 набера буда, дар ҳалқаи оилаи меҳрубон умр ба сар мебарад. Муҳити хонаводагӣ ва дастгирии фарзандон барои ӯ сарчашмаи неру ва умеду шодмонӣ мебошад. Мисли Файзулло Қурбонов одамоне ҳастанд, ки бо вуҷуди маҳдудият, намунаи зиндаи устуворӣ ва заҳмати ҳалоланд. Аёдати чунин шахсиятҳо на танҳо баёнгари эҳсони як рӯз, балки ифтихори як ҷомеа мебошад. Сафархуҷа Ҳисайнов зимни аёдат изҳор дошт, ки дастгирии маъюбон ва эҳтиёҷмандон на танҳо масъулияти иҷтимоӣ, балки рисолати инсонӣ ва ахлоқӣ низ мебошад. Ҳар кумаки хурд метавонад умеде калон бошад барои касе, ки бо мушкилӣ зиндагиро пеш мебарад. Мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатманд бо дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд дар рӯзҳои ид, ба хусус Иди Қурбон, на танҳо эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва мазҳабӣ зоҳир мекунанд, балки ба таҳкими руҳи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа низ саҳм мегузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки аёдати шахсони имконияташон маҳдуд танҳо як амали нек нест, он эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва пос доштани руҳи якпорчагии ҷомеа мебошад.